“Тurajon.org “ хариду фурӯши темору таштобро раво хонд
Торнамои Тurajon.org, веб-сайти бародарон Тураҷонзодаҳо фурӯш ва харидории темору таштоб ва оби руқяхондаро раво донистааст.
Ин торнамои исломии кишвар дар посух ба суоли яке аз корбаронаш овардааст, “фурӯхтани оби руқяхонда, яъне гирифтани мол бар ивази он ҷоиз аст.” Ба навиштаи turajon.org, ин навъи об як намуди даво мебошад.
Инчунин веб-сайти мазкур дар идома иқтибос аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ овардааст, ки фурӯши темору таштоб низ ин ҳукмро дошта, беҳтар аз талбандагию гадоӣ мебошад: “Аз Имом Аҳмад пурсида шуд: Мардест барояш коре ҷуз таштобу теморфурӯшӣ нест, барои ин мард фурӯхтани ин чизҳо беҳтар аст ё гадоӣ кардан? Имом Аҳмад гуфтанд: фурӯхтани таштобу темор барояш аз гадоӣ беҳтар аст."
Тurajon.org дар шарҳи ин гуфтаҳо овардааст, ки ин ҳама дар ҳоле аз нигоҳи дини Ислом раво мебошад, ки дар чаҳорчӯби шариати ин дин сурат гирифта бошад: “Албатта фурӯхтан ё харидани оби руқяхонда ба шарте ҷоиз дониста мешавад, ки дар он руқяи шаръӣ хонда ва аз ҷониби руқяхонҳои ботақво ин амал иҷро шуда бошад.”
Оби руқяхонда, оберо гӯянд, ки ба он бархе аз оят ва сураҳои Қуръону дуоҳои дар аҳодиси паёмбар (с) хонда шудааст.
Ин фатвои бародарон Тураҷонзодаҳо дар ҳолест, ки вақтҳои охир бархе аз афрод аз эътиқоди мардум сӯиистифода карда, бе дониши кофӣ ба дуохонию табобати мардум машғул мешаванд.