Дар пасманзари хабарҳо оид ба оғози тафтишот алайҳи Мамадшо Илолов, ки баъди барканорияш аз симмати президенти Акдемияи улум ва имзогузорияш зери номаи зиёиён ба президенти Тоҷикистон дар мавриди Зайд Саидов садо доданд, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: Ин қазия аз чӣ дарак медиҳад?
Амруллои Собир, коршинос
Бинед, қазияи Зайд Саидовро имрӯз дар ҳар ҷо равем шоҳиди он мегардем, ки мардум ба ин гуфтаҳои Агентии мубориза бо фасод бовар надоранд. Чунки дар мо одат шудааст, ки барои хушомад ба калонҳо кормандони баъзе ниҳодҳо ҷои он ки салларо оранд калларо меоранд. Ҳамин қазияи Илолов ҳам чунин аст. Дар дигар ниҳодҳо корҳое мешавад, ки бояд гурӯҳ гурӯҳро ҳабс намоянд аммо мебинед, ки ҳама «тинљ» аст. Дар ёдатон бошад Навҷувоновро барои он аз кор холӣ кардани буданд, ки чанд мошинро муовини ӯ Ш. Хайруллоев дар асоси қонун ба коргаронаш дода буд. Ва ҳамаи ин ҷангҳо аз он шурӯъ гардида буд. Аммо вақте одамони зидди Навҷувонов сари қудрат омаданд на бино монду на фабрика, на завод, на замин, на автобазаю на автомошин, ҳатто вазифаҳо ҳам фурӯхта мешаванд, аммо ҳама хомуш аст. Вақте агентии фасод ғоратгаронро нею даст ба беобрукунии зиёии асил мезанад ин чї маъно дорад? Барои он ки як миллатро аз байн баранд аввал зиёиёни онро нест мекунанд.
Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав”
Мо аввал бояд бибинем, ки ин хабарҳо то куҷо воқеъият дорад. Мо бояд дақиқ кунем, ки қазия нисбати Мамадшо Илолов руйи кор омадааст. Мо бояд дақиқи кунем, ки воқеан парвандае мавҷуд ҳаст ё не, дақиқ бояд карда шавад, ки он баъди гузоштани имзо ба мактуби дастаҷамъона кушода шуд, ё қабл. Агар дақиқ шавад, ки пас аз ҳамроҳ шудан ба мактуби дастаҷамъона, пас он бештар хусусияти сиёсӣ хоҳад дошт.
Шокирҷон Ҳакимов, профессор
Одатан дар академияи улуми Тоҷикистон тақрибан гуфтан мумкин аст, ки аз давраҳои охири роҳбарии Муҳаммад Осимӣ рақобати носолим миёни олимон ва узви пайваставу вобастаи он пайдо шуд. Бо истифода аз ин сенария доираҳои муайяне, ки олимони минтақаи мушаххас ҳастанд, фаъолиятро зимни гузаронидани интихобот танзим мекунанд, нофаҳмӣ шуд. Лекин як гурӯҳ академикҳо ва дигарон аз ҳарду усули корбарии Илолов норозӣ буданд. Таъсири онҳоро Илолов дар академия камтар карда буд. Дар натиҷа ин омилу сабаб буд вақте як гуруҳ унвонии раисҷумҳур нома навишта аз Илолов норозигӣ баён карданд. Дертар баъди ҳаводиси Бадахшон мавқеи Илолов аз дигарон, хосатан аз мақомоти расмӣ ва раисҷумҳур фарқ мекард. Ин бойиси нигаронӣ шудааст. Парванда дар асл дар арафаи интихобот оғоз шуда, бо эҳтимоли наздик шудани маъракаи интихобот онро ба зудӣ баррасӣ накарданд.