Кумитаи дин барои маъракаи “Ҳаҷ-2014” роҳбаладон меҷӯяд
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладон дар мавсими ҳаҷ – 2014 озмун эълон кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод ҳар як довталаб аз шаҳри Душанбе ва навоҳии дигари ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок дар ин озмунро дорад метавонад ҳуҷҷатҳои худро ба Кумитаи оид ба корҳои дин пешниҳод намояд: “Талаботи озмун донистани забони арабӣ, на камтар аз як бор ба зиёрти хонаи Худо рафта, синну сол аз 25 то 60 сола ва донистани маносики ҳаҷ мебошад.”
Ин ниҳод мегӯяд, қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои озмун аз 25-уми декабри соли 2013 то 20-уми январи соли 2014 муқаррар карда шудааст.