Додситонии кул ҳукми раҳбари Тоҷикистони навро шарҳ дод
Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз як рӯзи маҳкум шудани Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, ба мӯҳлати 26 сол ва мусодираи амволаш бо пахши як иттилоия ин ҳукми додгоҳро шарҳ додааст.
Дар ин иттилоия гуфта мешавад, Зайд Саидов бар асоси моддаҳои 319, қисми 4, банди “г” (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора ба миқдори калон), 247, қисми 4, банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 138, қисми 3, банди “а” (таҷовуз ба номуси духтари ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 131, қисми 3, банди “б” (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо мақсади шаҳвонӣ) ва 170 (серзанагӣ) гунаҳкор дониста шуд.
Дар идомаи ин иттилоия мехонем, “бо дастрасии моддаҳои 67 қисми 3 ва 69 қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъйингардида ба Зайд Саидов ҷазои ниҳоии 26 (бисту шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.”
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси моддаҳои 51 ва 57-и Кодекси ҷиноӣ Зайд Саидов аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум шуда, “молу мулки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардааш ба фоидаи давлат ва баҳри барқароркунии зарари ба ҷабрдидагон расонидааш мусодира карда шуд.”
Баррасии парвандаҳои марбут ба Зайд Саидов аз 12 сентябр то 25 декабри соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ҷараён дошт. Тафтишоти пешакии ин парвандаҳоро Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон бар ӯҳда дошт.