Нишасти изтирории журналистони Суғд ба хотири Абдураҳим Шукуров
Рӯзноманигорони вилояти Суғд барои баррасии қазияи Абдурраҳим Шукуров, наворбардори боздоштшудаи Хабаргузории “Озодагон” гирди ҳам меоянд.
Ин гуруҳи рӯзноманигорони тоҷик рӯзи 26 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, қарор аст, онҳо фардо 27 декабр соати 9:00 дар Кохи матбуоти вилояти Суғд ҷамъ ва ин масъаларо ба баҳс кашанд. Рӯзноманигорони ин вилоят мегӯянд, ҳар чанд наворбардори “Озодагон” дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Вале ин қазия онҳоро сахт нигарон кардааст. Ба гуфтаи намояндагони ВАО дар вилояти Суғд ин бархурди кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо рӯзноманигори тоҷик, бахусус ҳангоми адои вазифаи касбиаш хилофи арзишҳои инсонӣ ва Сарқонуни кишвар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан як гурӯҳ аз раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақил дар пайи ин қазия аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, хостанд, то онҳоро барои як сӯҳбати рӯбарӯ бипазирад.
Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд.