Созмони "террористӣ" эълон шудани Ҳаракати "Ихвонулмуслимин"
Ҳаракати исломии “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслимин расман аз сӯи ҳукумати Миср дар ин кишвар созмони "террористӣ" эълон гардид.
Тибқи иттилои расонаҳои арабзабон, дар изҳороти кобинаи вузарои Миср омадааст, ки ин қарор дар асоси кодекси ҷиноии ин кишвар қабул шудааст. Ба қавли ҳукуматдорони Миср, ин ҳаракати исломӣ ҳамчун созмони “террористӣ” дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар эълон шуда, афроди марбут ба онро оғози парвандаи ҷиноӣ таҳдид мекунад.
Ҳаракати сиёсии “Бародарони мусулмон” яке аз бузургтарин ҳаракати исломии суннӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Он соли 1928 аз сӯи Ҳасан ал-Бано, донишманди Миср дар шаҳри Исмоилияи ин кишвар ташкил шудааст. Ин ҳаракат дар бештари кишварҳои арабнишин низ тарафдорону ҳаводорони худро дорад.
Фаъолияти “Бародарони мусулмон” дар Миср то сарнагунии ҳукумати диктотурии Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 мамнуъ хонда шуда буд. Вале баъд аз рафтани Муборак дубора ба фаъолияти ин гуруҳ иҷоза дода шуд ва дар натиҷа онҳо ҳизби сиёсии худро низ таҳти номи “Ҳизби адолат ва озодӣ” таъсис дод. Дар интихоботи президентии Миср яке аз раҳбарони он Муҳаммад Мурсӣ ба рақибонаш пирӯз шуда, раисиҷумҳури баргузидаи мардуми мисрӣ дар таърихи ин кишвар эълон шуд. Аммо баъд аз инқилоби низомӣ Муҳаммад Мурсӣ барканор шуда, фаъолияти ин гуруҳи сиёсии исломӣ бори дигар дар қаламрави Миср манъ гардид.