Манбаъ афзуд, бозии “Равшан” бо "Вахш"-и Қӯрғонтеппа сабаби аз панҷ бозӣ маҳрум шудани варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар шаҳри Норак сурат пазируфт.
Ду бозии дигари даври 23-юми мусобиқот миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Хуҷанд) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва “Шодмон” (Ҳисор) - “Истиқлол” (Душанбе) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.
Маврид ба ёдоварист, дастаи “Равшан” пас аз ғалабаи 15-уми худ бо 47 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. Тими “Истиқлол”, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 46 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад, «Регар-ТадАЗ» бошад, бо 45 имтиёз дар ҷойи сеюми ифтихорӣ мавқеъ гирифтааст.{jathumbnail off}