Зайд Саидов: Аз ҳамнишинӣ бо президент то маҳкумият (АКС)
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидови 55-соларо ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард. Оқои Саидов ҳафт моҳи охир дар боздоштгоҳ буд.
Боздошти Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, дар пайи азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, аксарият боздошт ва ҳукми ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Агарчӣ мақомот онро рад карда, иддао доранд, ки боздошти Саидов бар асоси бисёрзанӣ, тақаллуб, ришват, таҷовуз ба номус ва сӯистифода аз мақоми ӯ сурат гирифтааст.
БОЗДОШТИ ЗАЙД САИДОВ
ВОКУНИШҲО
ҚАЗИЯИ ЗАЙД САИДОВ: АЗ АВВАЛ ТО ОХИР
Зайд Саидов, ки аз муваффақтарин соҳибкорони кишвар дониста мешавад, дар ноҳияи Нуробод (Комсомолобод) ба дунё омадааст. Ӯ аз як даст маҳрум буда, бештар бо ҳимояташ аз фарҳангиён, кумакаш ба дармондагон ва сохтмони биноҳои баландошёна дар Душанбе, пойтахти кишвар, маъруф аст.
Ӯ аз моҳи июни соли 2002 то 2007 дар мақоми вазири саноати Тоҷикистон низ буд. “Озодагон” аксҳои Зайд Саидовро, ки дар канори фарзандон ва дӯстону ҳамкорон ва мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раисиҷумҳур бардошта шудааст, гирдоварӣ намудааст.