ВИДЕО: Нахустин вокунишҳо ба ҳукми зиндони Зайд Саидов
Ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар бораи 26 сол зиндонӣ кардани Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат, бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ омад.
Барзу Абдурразоқов, ҳунарманди машҳури тоҷик, ки дар назди СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ мунтазири ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидов нишаста буд, гуфт, ҳоло дар як ҳолати шок қарор дорад ва намедонад, чӣ бигӯяд.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва яке аз ҳуқуқшиносони варзидаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба Зайд Саидов мустақилияти мақомоти судӣ дар кишварро зери суол бурд. Раиси ҲСДТ пас аз эълони ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “аз ин қарори Додгоҳи олӣ фаҳмида мешавад, ки ин ниҳод мустақил нест ва дастури болоро иҷро кардааст”. Ба гуфтаи Зоиров, ин ҳукми 26 соли зиндон ва ҳабси амволи Зайд Саидов дар ҳолест, ки тамоми моддаҳои алайҳи ӯ эълоншуда дар мурофиаҳои додгоҳӣ тасдиқи худро наёфтанд.
Зоиров афзуд, “Додгоҳи олии Тоҷикистон нишон дод, ки дар баробари Оҷонси зидди фасоди кишвар, ки бо дастури боло ин парвандаро мебурд, барои ҷорӣ намудани адолати судӣ қурб надошта, ҳатто ҷуръат низ накардааст.”
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, 26 соли зиндонро барои Зайд Саидов, дар ҳоле, ки қазияаш суолҳои зиёде дорад, ҳукми ғайриинтизор, сангин ва баробари ҳукми қатл хонд. Ӯ таъкид намуд, ки сарфи назар аз ноадолатиҳо дар низоми додгоҳии Тоҷикистон руҳафтода шудан лозим нест ва бояд то охир мубориза бурд ва дар ниҳоят ба Кумитаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард.
Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳукми додгоҳ нисбат ба Зайд Саидовро “золимона ва дур аз инсоф” донист. Вай гуфт, “аслан имрӯз ба ҳама маълум шуд, ки дар Тоҷикистон дигар адолат боқӣ намондааст ва судҳо фармоиш иҷро мекунанд. Танҳо бо фармоиши як нафар фарзандони асили кишварро ҳадафи манфиатҳои худ қарор дода, равонаи зиндон мекунанд.”