Даъвати вакилон ба додгоҳ ва тақдири ояндаи Зайд Саидов
Имрӯз, 25 декабр, интизор меравад додгоҳ ҳукми худро нисбат ба Зайд Саидов – соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, ки ҳафт моҳ боз дар боздошт қарор дорад, эълон кунад.
Барои ин, вакилони мудофеи оқои Саидов баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе ба бинои боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, ки мурофиаи ӯ дар он ҷо баргузор шуда буд, даъват гардидаанд. Яке аз вакилони мудофеъ дар тамос бо “Озодагон” гуфт, “моро котиби додгоҳ хабар кард. Пас, маълум мешавад, ки додрас аз хонаи машваратӣ берун омада, қарори худро гирифтааст.”
Зайд Саидов моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро барои бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, ахиран намояндаи додситонӣ барои ӯ 28 соли зиндон хост.
Чун боздошти Зайд Саидов дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт, аксарият дастгир шудан ва додгоҳи ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Ин аст, ки дархости додситон низ бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шуд ва ахиран бархе аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то шахсан ба ин қазия расидагӣ карда, барои ҳалли одилонаи он кумак намояд.
Худи Зайд Саидов ҳам дар додгоҳ ҳангоми ироаи сухани охиринаш гуфта, ки худро бегуноҳ мешуморад ва тамоми иттиҳомоти мақомотро бофтаву сохта медонад. Вале ҳамзамон таъкид кардааст, агар зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи миллату давлат аст, пас, розист, ки зиндонӣ бошад.