Баҳси сохтмони “CASA 1000” дар Покистон
Сохтмони хатти “CASA 1000”, ки барои интиқоли 1000 мегават нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, соли оянда оғоз хоҳад шуд.
Ин нуқта аввали ҳафтаи равон дар ҷаласаи машваратӣ оид ба “CASA 1000” дар Покистон таъкид шудааст. Ба иттилои мақомоти Покистон созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар донорҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки то 2 миллиард доллар хароҷоти лоиҳаро таъмин кунанд.
Аммар Халид, раҳбари ширкати миллии Покистон зимни муаррифии лоиҳаи “CASA 1000” таъкид кардааст, ки имкон дорад, тариқи ин хат то 1300 мегават нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи ҷанубӣ интиқол ёбад ва афзудааст, ки сохтмони он амалан моҳи июни соли 2014 оғоз шуда, то 5-6 сол идома хоҳад кард.
Аммар Халид арзиши худи хатро 950 миллион доллари амрикоӣ гуфта, таъкид намудааст, ки аз ин маблағ 200 миллион аз ҷониби Покистон, 220 миллион аз ҷониби Қирғизистон, 250 миллион аз Тоҷикистон ва 300 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Афғонистон пешниҳод хоҳанд шуд.
То ҳол барои маблағгузории “CASA 1000” Амрико, Британия, Австралия, Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигар изҳори омодагӣ кардаанд.