Аспи 20 000 долларии Рустами Эмомалӣ ба вакили қирғиз
Дар интернет навори видеоии тӯйи суннатӣ ё хатнасури писари Ҷиргалбек Самадов, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби “Ота-Журт”, чарх мезанад, ки баҳсҳои зиёдеро миёни корбарон ба миён гузоштааст.
Тӯйи писари ин намояндаи мардумии қирғиз муддати ду шабонарӯз идома ёфта, яке аз қазияҳои баҳсбарангез дар ҷомеаи ин кишвар ба шумор меравад. Дар ин навор дида мешавад, чӣ гуна вакили парлумони Қирғизистон бахшида ба тӯйи суннатии писараш бозии бузкашиеро барпо намудааст, ки гуфта мешавад, дар таърихи ин навъи бозӣ амсоли он ангуштшумор мебошад.
Аксари корбарон ин амали намояндаи мардумии қирғизро зери бори танқид қарор дода, гуфтаанд, беҳтар мешуд, ӯ ин маблағро барои ятимон ва беморони бепарастор сарф мекард. Яке аз корбарон бо номи Канат Буржуев гуфтааст, “Самадов барои барпо кардани ин бозӣ ҳеч гуна маблағе аз ҳисоби худ хароҷот накарда, танҳо дӯстони қазоқи ӯ, барои баргузории ин “маърака”-и бузкашӣ беш аз 50 шутур туҳфа кардаанд.”
Инчунин, дар навори мазкур оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин вакили парлумони Қирғизистон сухан рафта, тарзи зисту зиндагонӣ, хонаи бошукуҳ ва мошини гаронарзиши ӯ низ намоиш дода мешавад. Худи Самадов дар навори мазкур болои аспе савор аст, ки, ба қавли муаллифони видео, тахминан ду метр баландӣ дошта, ҳадди ақал 20 ҳазор доллар арзиш дорад. Ба гуфтаи вакили парлумони Қирғизистон, ин аспро Рустами Эмомалӣ -- писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳоло раҳбарии Хадамоти гумруки кишварро бар зимма дорад, ба ӯ туҳфа кардааст.
Дӯстии писари раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вакили парлумони Қирғизистон дар ҳоле расонаӣ шуд, ки Ҷиргалбек Самадов пеш аз барпо шудани тӯйи суннатии писараш ба расонаҳо гуфта буд, ба ин маъракаи муҳиммаш беш аз 20 ҳазор меҳмон аз хориҷ ва дохили Қирғизистон даъват шудаанд. Самадов дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, яке аз меҳмонҳои олиқадри ӯ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки худ ӯро шахсан даъват кардааст. Вале ҳоло маълум нест, Рустами Эмомалӣ оё дар ин рӯзи хурсандии дӯсти қирғизаш иштирок дошт, ё не.
Ин тӯйи суннатии писари панҷсолаи Ҷиргалбек Самадов рӯзҳои 14 ва 15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Узгени вилояти Уши Қирғизистон баргузор шудааст.