Ҷилавгирӣ аз интиқоли “BMW X6”-и дуздӣ ба Тоҷикистон
Марзбонони Узбакистон аз вуруди як мошини дуздидашудаи олмонии “BMW X6” ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Бар асоси иттилои хабаргузории “Podrobno.uz”, ин мошин аз моҳи октябри соли ҷорӣ ба ин сӯ дар кофтукоби пулиси байналмилалӣ ё Интерпол қарор доштааст. Манбаъ мегӯяд, мошини дуздидашудаи олмонӣ аз сӯи марзбонони узбак ҳангоми бозҷӯии қаторе, ки аз Латвия ба Тоҷикистон мошин интиқол медод, дарёфт ва мусодира шудааст.
Ин хабаргузории Узбакистон менависад, бар асоси маълумоти дар аснод зикршуда қарор буд, ин мошинро ширкати “Ориён” дар Тоҷикистон қабул кунад. Марзбонони Узбакистон гуфтаанд, ин бори аввал нест, ки аз вуруди мошинҳои дуздӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ мекунанд. Дар ибтидои соли ҷорӣ низ аз қатори самти Латвия-Тоҷикистон мошинҳои навъи «BМW Х6», «BМW Sedan 525D» ва ду «BМW Х5», ки дар кофтукоби пулиси байналмилалӣ қарор доштаанду интизор мерафт, онҳоро дар Тоҷикистон Хуршед Рахимов, шаҳрванди ин кишвар “пешвоз” гирад, кашф ва мусодира карда буданд.
Ин дар ҳолест, ки нашрияи олмонии Bild ахиран бо нашри як матлаб гуфта буд, дар Тоҷикистон ҳудуди 200 мошини дуздидаи шудаи олмонӣ қарор дорад. Ин нашрия изҳор дошт, ки аксари мошинҳои дуздӣ, ки дар Олмон дуздидашуда ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд, аз сӯи афроди наздик ба раисиҷумҳури ин кишвар соҳибӣ мешаванд.