Боздошти Баҳодур Шарифов -- писараммаи Рустами “Хаммер”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон Баҳодур Шарифови 27-соларо, ки писараммаи Рустам Ҳайитов ё Рустами “Хаммер” буда, ҳангоми боздошти дувумӣ гӯиё фирор кардааст, дастгир намудаанд. Ҳайитов, ки ба ҳайси раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ муаррифӣ мешавад, ҳанӯз моҳи августи соли 2012 ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Мақомот гуфтаанд, Баҳодур Шарифов барои ҳамдастӣ бо Рустам Ҳайитов муттаҳам мешавад. Аммо Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Баҳодур Шарифов, ба “Озодагон” гуфт, нафари таҳти ҳимояташ дар ҷиноятҳои Ҳайитов шарик набуда, худро бегуноҳ донистааст.
“Рӯзи ҷумъаи 20 декабр зерҳимояи маро кормандони Вазорати умури дохилӣ дар Душанбе дастгир намуданд. Рӯзи 23 декабр бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам ва ба ман гуфт, дар ягон кори Рустам Ҳайитов шарик набуда, сабаби фирораш танҳо аз тарс будааст”,-афзуд Салихов. Мусоҳиби мо илова кард, “айни ҳол Баҳодур Шарифов дар боздоштгоҳи муваққат қарор дошта, тафтишот алайҳи ӯ оғоз гардидааст.”
Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Хаммер”, ки мақомот ӯро роҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ медонанд, соли 2012 ба 24 соли зиндон маҳкум гардид. Вай ба унвони яке аз қочоқчиёни маводи мухаддир таҳти пайгард қарор дошта, моҳи январи соли 2011 бо 42 кило ҳероин боздошт шудааст.