Сайфулло Сафаров дар бораи қазияи Зайд Саидов: “Ҳеч чиз пинҳон намемонад”
Ҳумайрои БАХТИЁР
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар робита ба қазияи Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири пешини саноат, ки дар боздошт қарор дорад, изҳори назар кард. Оқои Сафаров гуфт, бовар дорад, додгоҳ, ки ҳоло дар хонаи машваратист, ҳукми одилонаи худро хоҳад баровард.
Сафаров: “Ба назари ман, парвандаи Зайд Саидов бояд аз рӯи адолати додгоҳӣ анҷом ёбад. Аз раванди мурофиаи додгоҳӣ ва аз маводи додгоҳ чандон хабар надорам. Аммо, фикр мекунам, ин қазия бояд дар доираи қонун ва адолати додгоҳӣ ҳалли худро пайдо кунад. Яъне, агар гуноҳҳое нестанд, бояд гуфта нашавад ва он гуноҳҳое, ки ҳастанд, бояд исботи худро биёбанд.”
Озодагон: Ахиран чанде аз чеҳраҳои саршинос, ба мисли Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсори Сафӣ, бо ирсоли нома аз раисиҷумҳур дархости дахолат ба қазияи Зайд Саидовро карданд. Оё раисиҷумҳур ҳақ ё имкони дахолат ба раванди додгоҳро дорад?
Сафаров: “Фикр мекунам, ҳокимияти додгоҳӣ ҷудо аст ва барои баровардани хулоса бояд касе ба кори додгоҳ дахолат накунад. Агар шахси судшаванда дар назди миллат ва давлат хидмате дошта бошад, он бояд аз нуқтаи назари сиёсӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Дар ин сурат, раисиҷумҳур бояд ба парлумон пешниҳод ва парлумон онро тасдиқ кунад. Ин гуна масоилро се шохаи ҳукумат бояд ҳал кунанд. Дар он сурат метавонанд, нисбат ба он шахс сабукиҳо диҳанд.”
Озодагон: Коршиносон мегӯянд, зиндонӣ шудани Зайд Саидов эътимоди мардумро нисбат ба ҳукумат ва мақомоти додгоҳиву интизомӣ аз байн бурд. Дар асл, Шумо чӣ фикр доред?
Сафаров: “Ин ҳама гап асос надорад. Дар додгоҳ адолат вуҷуд дошт ё на, ба зудӣ барои ҳама ошкор мешавад. Ҳамаи он далелҳое, ки дар рафти додгоҳ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, асос доштанд ё на, ба зудӣ дар расонаҳо мунташир хоҳад шуд. Шукр, ки дар Тоҷикистон гуногунандешӣ ва демократия ҳаст. Минбарҳои зиёд барои ифшо кардани чунин маълумот вуҷуд дорад. Ҳамаи ин кор ҳатман ба мардум расонда мешавад. Ҳеч чиз дар ин кишвар пинҳон намемонад. Бинобар ин агар ҷурмҳои пешниҳодшуда исботи худро ёбанд, ё наёбанд, мардум худ қазоват мекунад. Ҳоло дигар тадқиқот аз рафти баррасии парвандаҳо гузаронида мешавад. Ин кор ҳам шояд дар оянда тадқиқоти хабарнигориро талаб кунад. Барои мисол, рад шудани хабари падар будани Зайд Саидов аз тарафи поликлиникаи Био-Папа. Ин хабар дар расонаҳои мо ба зудӣ паҳн шуд. Ҳамин хел, агар ҷурмҳо ғайривоқеӣ бошанд, ҳар коре додгоҳ мекунад, пинҳон нахоҳанд монд.”
Озодагон: Худи Шумо ба низоми додгоҳии Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳед? Бисёриҳо мегӯянд, додгоҳҳои мо ба ном мустақил, вале дар асл тобеи ҳукуматанд. Шумо чӣ мегӯед?
Сафаров: “Мушкилоти додгоҳи мо зиёд аст. Лекин камбудҳо баъзан аз духӯрагии қонун ба вуҷуд меояд. Дар баъзе маврид далелҳои хуб истифода намешавад. Ман гуфта наметавонам, ки низоми додгоҳии мо камбудҳо надорад. Ин камбудҳо бояд дар раванди такмили умумии низоми сиёсӣ аз байн бурда шаванд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)