Алимардонов гуфтааст, баҳси Ворух “хусусияти иқтисодӣ дошт”
Даври дувуми гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории хатти марзи ду кишвари ҳамсоя 7 январи соли 2014 идома хоҳад кард. Даври аввали он 23 декабр бо раҳбарии Муродалӣ Алимрдон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Токон Маметов дар Бишкек баргузор шуд.
Токон Маметов, муовини нахуствазири Қирғизистон, дар ин мулоқот аз ҳузури ҳамтоёни тоҷики худ ба Бишкек барои баррасии масоили марзӣ қадрдонӣ карда, гуфтааст, “барои рушди равобити дуҷонибаи кишварҳо асоси маҳкам гузошта шудааст ва ҳамкории Қирғизистону Тоҷикистон дар сатҳи болоӣ вориди марҳалаи ҷадид гардид. Боварии комил дорем, ки натоиҷи вохӯрии намояндагони болоии Душанбеву Бишкек ба ин ҳама мавқеи тоза мебахшад.”
Муовини нахуствазири Тоҷикистон низ дар навбати худ аз истиқболи ҳамтоёни қирғизаш миннатдорӣ карда, илова намудааст, “мо ба равобити дӯстонаи суннатии мардуми тоҷику қирғиз, ки умри чандинасра дошта, барои рушди равобити ду кишвар мусоидат мекунад, арҷ мегузорем. Боварии комил дорем, ҳодисаҳои ахири марзии ду кишвар хусусияти иқтисодӣ ва молӣ дорад. Бояд гуфт, барои ҳалли ин ингуна масъалаҳои марзӣ ба мақомоти зирабти ду ҷониб алакай тибқи қарордодҳои болоӣ вазифаҳои мушаххас дода шудааст.”
Аз ин пештар, Ирина Карамушкина, вакили парлумони Қирғизистон, гуфта буд, баррасии ин масъала ба хотири сафар доштани Токон Маметов ба охирҳои моҳи январи соли 2014 монда шудааст. Ба гуфтаи ин намояндаи мардумии қирғиз, қарор аст, Маметов рӯзи 26 декабр дар доираи як сафари расмии чаҳоррӯза озими Тошканд шуда, бо ҳамтоёни узбакаш масъалаи аломатгузории хатти марзи миёни Узбакистон ва Қирғизистонро ба баррасӣ гирад.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.