АКС: Хоктӯдаҳое, ки “Шаҳри бехатар” аз худ боқӣ гузошт
Лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ё худ насби дурбинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз як сӯ, агар ба нафъи сокинон бошад, аз сӯи дигар барои онҳо “мушкилофар” низ шудааст.
Дар пайи татбиқи ин лоиҳа баъзе аз гӯшаву канори роҳҳои пиёдагарди шаҳри Душанбе канда мешаванд. Аммо чи тавре мушоҳида мешавад, на ҳамаи онҳо дубора барқарор ва бозсозӣ гардидаанд. Хоктӯдаҳо акнун дар роҳравҳои Душанбе хобидаанду сокинон маҷбур аз болои онҳо мегузаранд.
“Озодагон” чанд аксеро дар ин бора пешкаши хонандагон карда, мехоҳад, агар Шумо низ бо чунин мушкил рӯбарӯ омадаед ва ё хоктӯдаҳоро мушоҳида кардаед, лутфан ба мо бифристед. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)