Кабирӣ мегӯяд, тоҷикон дар дуроҳаи интихоби озодӣ ва субот мондаанд
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мегӯяд, ҳоло ҳукумати кишвар сокинонро дар як дуроҳа қарор додааст, ки аз миёни озодӣ ва субот якеро интихоб намоянд.
Раиси ҲНИТ, ки дар як суҳбати ихтисосӣ бо Шабакаи телевизионии “Тулӯъ”-и Афғонистон дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, давлатҳои Осиёи Марказӣ натавонистанд, озодӣ ва суботро дар як вақт ба сокинони худ таъмин намоянд.
Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки ҳарчанд сулҳи тоҷикон як намунаест, дар сатҳи ҷаҳонӣ, вале на ҳамаи ормону хостаҳои дар аснод дарҷгардида аз ин сулҳ амалӣ шудаанд. Ӯ гуфт, ду ҷониби сулҳ ҳангоми имзои ин созишнома бар ин буданд, ки як давлати демократӣ ва гуногунандеш дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Аммо ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, онҳо натавонистанд, дар ин солҳои баъди сулҳ ҳатто як интихоботи демократӣ ва шаффоф баргузор кунанд: ”Бузургтарин дастоварди тоҷикон аз ин сулҳ истиқрори суботу оромӣ дар кишвар аст, вале бояд гуфт, ки ин бар ивази аз даст додани озодӣ ва маҳдуд шудани озодии баён омадааст.”
Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатҳои пешгирифтаи худи раҳбарони ин давлатҳо боиси рӯ овардани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ё ба истилоҳ “терорристӣ” мебошад: “Чӣ омил водор мекунад, ки як ҷавони мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Вазиристони Покистон равад ё ба Сурия? Инҷо танҳо дин боис намешавад, инҷо маосили иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Вақте озодиҳо аз сӯи давлатҳо маҳдуд мешавад, мардум роҳи ягонаро дар муборизаи мусаллаҳона мебинанд.”
Инчунин, Муҳиддин Кабирӣ дар бораи сари қудрат омадани ҳизбаш ибрози назар карда, гуфт, ҲНИТ бар ин андеша аст, ки дар як давлати демократӣ ҳеч нерӯе наметавонад, қудратро ба танҳоӣ дар даст дошта бошад. Ӯ таъкид кард, агар ҲНИТ дар идораи давлат шарик бошад, метавонад, на танҳо он ормону хостаҳои дар аснод мондаро, балки бештар аз онро амалӣ созад.
Раиси ҲНИТ иброз намуд, он ҳама овозаҳо дар бораи даст доштани аъзои ҳизбаш ба ҳаракатҳои мамнуъ ва иртиҷоӣ овозае беш нестанд ва касе ба ин ҳам бовар нахоҳад кард. Чун ҲНИТ худро ҳамчун як нерӯи муътадил нишон додааст: “Чун ҲНИТ, ҳангоми манъ кардани рафтани занҳо ба масоҷид, мамнуъ шудани рӯсарӣ барои донишомӯзон ва ҷилавгирӣ аз ҳузури ҷавонон дар масоҷид қотеона ин амалҳоро маҳкум кард, вале ҳеч гоҳ мардумро ба хиёбонҳо даъват накард.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)