Иброҳим Усмонов дар бораи тартиб додани номи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ
Ҳумайрои БАХТИЁР
Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, ҳанӯз фурсат ҳаст, ки мақомоти Тоҷикистон рӯйхати қурбониёни даргирии солҳои 90-уми қарни гузаштаро тартиб бидиҳанд. Ин нуктаро оқои Усмонов рӯзи шанбеи 21 декабр дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, дар ҳузури намояндагони мухолифин, коршиносон ва ҳукумати Тоҷикистон, баён дошт.
Усмонов: “Аслан гап сари ин аст, ки мо дақиқ намедонем, дар он солҳо чӣ қадар одам кушта шуд. Барои ҳамин, рақамҳои гуногунро истифода мекунем. Ба касе кадом шумора лозим ҳаст, аз ҳамон истифода мекунад. Албатта рақамҳои расмии ҳукумат ҳам ҳаст. Лекин он ҳанӯз такмил наёфта, омӯхта нашудааст. Барои мисол, китоберо дар бораи журналистони кушташударо хондам. Ба хулосае омадам, ки дар байни онҳо бисёр хабарнигороне ҳастанд, ки кушта нашудаанд. Онҳо ҳамон сол вафот карданд. Пас дар миёни одамҳое, ки мо мегӯем дар ҷанги шаҳрвандӣ қурбон шуданд, ҳастанд нафароне, ки синну солашон ба ҷойе расида буд ва ё касал шуда вафот карданд. Агар мо рӯйхати як ба яки ширкатдорони ҷангро созем, аввал ин ки ҳақиқати воқеаи гузаштаро мефаҳмем. Аз тарафи дигар, бо ёфтану навиштани ин номҳо, хотираи онҳоеро, ки дар ҷанг кушта шуданд, азиз медорем. Фарқаш нест, ки он афрод аз тарафи кӣ буданд ва ба кадом нерӯи сиёсӣ такя мекарданд. Мо бо ин кор номи онҳоеро, ки дар ҷанг кушта шуданд нигоҳ медорем. Дар пойтахти Амрико ёдгории таърихӣ ҳаст. Онҷо номи даҳҳо ҳазор амрикоие, ки дар ҷанги Вйетнам кушта шуд, навишта шудааст. Ҳар касе мехоҳад, номи ақрабои худро пайдо кунад, аз китоб мебинад, ки дар кадом сутуни майдон навишта шудааст. Шояд хоҳиши сохтани чунин як ёдгорӣ дар оянда барои мардуми мо низ пайдо шавад. Шояд дар ин ёдгорӣ номҳое навишта шавад, ки барои ин сулҳи мо ҷони худро аз даст доданд. Барои ҳамин, мехоҳам, ин кор анҷом дода шавад. Шояд ҳукумат иқдом бигирад, шояд шахсиятҳои алоҳида. Шояд онҳое иқдом бигиранд, ки имконияти молии ҷамъ кардан ва фароҳам сохтани чунин як ёдгориро доранд. Алҳол, ки фарзандон ва падару модарон зинда ҳастанд, ин корро кардан лозим аст.”
Озодагон: Ба назари Шумо, чаро то имрӯз чунин як феҳрист тартиб дода нашудааст?
Усмонов: “Шояд яке аз сабабҳои асосиаш он аст, ки аслан ҷанг ҳам нав ба охир расид, 10-15 сол шуд. Ҳукумат барои ин фурсат пайдо накард. Ташкилоти дигар ҳастанд, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, аммо шояд ин корро барои худ мувофиқ надонистанд. Ҳаваси инҳо ба чизи дигар бисёртар буд. Вале ман умед дорам, нерӯе пайдо мешавад, ки ин корро анҷом хоҳад дод.”
Озодагон: Фикр мекунед, ҳукумат ин иқдомро дастгирӣ хоҳад кард?
Усмонов: “Ҳукумат мекунад. Чун ҳукумат ҳам ҳавасманд ҳаст, ки бигӯяд дар ин ҷанг чӣ шуд?”
Озодагон: Баъзе коршиносон ишора ба он мекунад, ки гӯиё ҳукумат арқоми қурбониёнро кам ва мухолифин, баръакс, бештар нишон медиҳанд. Шумо чӣ мегӯед?
Усмонов: “Ҳукумат ҳам инро кам нагуфтааст. Дар як гузориши расмӣ ман шунида будам, ки миқдори бештар аз 100 ҳазор нафарро гуфтанд. Яъне, ҳукумат ҳам кам накардааст. Ҳукумат он ҳақиқатеро мегӯяд, ки медонад. Мухолифин ҳам ҳамон ҳақиқатеро мегӯянд, ки медонанд. Ин ҳақиқатҳо хаттӣ нест ва он бояд хаттӣ шавад.”Дар акс: Иброҳим Усмонов