Даъвати ҲСДТ барои фаъол кардани Эътилоф барои демократия
Ҳумайрои БАХТИЁР
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо пахши изҳороте аз аъзо ва тарафдорони Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки дубора онро фаъол намоянд.
Дар изҳороти ҲСДТ аз ҷумла даъват шудааст, ки “аъзои эътилоф бояд дар зудтарин фурсат як конфронси васеъ баргузор намоянд. Тавре маълум аст, ҲСДТ ва Ҳизби наҳзати исломӣ барои иштирок дар интихоботи президентии Тоҷикистон аз соли 2012 талош доштанд. Ин ду ҳизб Кумита оид ба ислоҳоти демократӣ ва қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон таъсис дода буданд.”
Шӯрои сиёсии ҲСДТ ҳамзамон ишора ба он кардааст, ки дар майдони сиёсии кишвар ҲНИТ як ҳизби бонуфуз ва мухолиф буда, ташаббуси пешниҳоди тарҳи қонунро низ дорад. “Аз ин хотир, ҲСДТ аз аввал ба нерӯи ин ҳизб ниёз дошт”,-гуфта шудааст дар изҳорот.
ҲСДТ бо зикри аҳамияти Эътилоф дар умури фаъолсозии ҷомеа ва таъмини мардумсолороӣ даъват намудааст, ки тамоми кӯшишҳо барои фаъолсозии он равона гарданд.