Дастури нави Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи лампаҳо
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, барои равшансозии хиёбонҳои пойтахт ба ҷои лампаҳои хориҷӣ чароғҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода шаванд.
Ба иттилои муассисаи давлатии ”Равшании Душанбешаҳр” хиёбонҳои пойтахтро шабона то 27 ҳазору 845 лампаи нисбатан пуриқтидор равшан мекунанд, ки арзиши чунин як лампаи олмонӣ бо ҷузъҳои дигараш ҳудуди 100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Муҳлати хизмати кафолатноки лампаҳои ҳозира дар кӯчаҳои Душанбе то 1,5 сол арзёбӣ мешавад.
Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурати татбиқи ин дастури Убайдуллоев солона имкон дорад, беш аз 10 миллион сомонии буҷа ба хориҷ нарафта, ба рушди истеҳсолоти дохилӣ равона шавад.
Ин аст, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, ахиран супориш дод, ки дар корхонаи давлатии фаръӣ “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ” -и шаҳри Душанбе, барои таъминоти муассисаи давлатии ”Равшании Душанбешаҳр” хатти истеҳсоли фурӯзонакҳои ҷавобгӯи талаботи муассисаи мазкур ташкил карда шавад.