Марзбонон як сокини сархӯши Рӯшонро парондаанд
Хаёли Ошурмад, як сокини деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, ҳангоми талоши убури марз аз ҷониби марзбонон кушта шудааст.
Тавре сокинони деҳаи Шидз ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса охири ҳафтаи гузашта рух додааст. Ба иттилои манобеи “Озодагон” Хаёли Ошурмад дар ҳолати мастӣ қарор кардаст, ба он тарафи дарёи Панҷ гузарад: “Ӯ аз ноқиле, ки дар ҳудуди Шидз ду соҳили дарёро мепайвандад, истифода кардааст. Аммо дар нимароҳ марзбонон ӯро дида, тирҳои огоҳикунанда паррондаанд. Дар пайи он, ки ин сокин аз роҳаш нагаштааст, марзбонон ӯро парондаанд ва ӯ ба дарё ғалтида ғарқ шудааст.”
Сокинони Шидз таъкид мекунанд, ки то ҳол ҷасади Хаёли Ошурмад дарёфт нашудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.