Шаш соли зиндони сарбозони собиқ барои таркиши масҷид дар Бритониё
Се сарбози собиқи артиши Бритониё барои таркиши масҷид ба шаш солӣ равонаи зиндон шудаанд.
Бино ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, , додгоҳ Стюарт Ҳарнесс ва Гэвин Ҳампфрисро дар таҳияи бомб ва созмон додани таркиш гунаҳкор донистааст. Даниэл Кресси бошад, барои он шаш сол аз озодӣ маҳрум шуда, ки ин ду нафарро бо мошинаш то масҷид бурдааст.
Масҷиде, ки мавриди ҳамлаи ин афрод қарор гирифт дар шаҳри Гримсбии Бритониёи Кабир ҷойгир аст. Дар пайи таркиши бомби худсохт дар рӯзи 26 майи соли равон касе осеб надид ва танҳо биноҳои масҷид қисман ароб шуданд. Ин таркиш баъди чанд рӯзи куштори як низомии Бритониё дар Лондон сурат гирифт.