Тurajon.org дар бораи қабул ва тақдими ҳадяҳои солинавӣ
Торнамои “turajon.org”, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо корбарони худро ба худдорӣ аз қабул ва тақдими ҳадяҳои солинавӣ даъват карда, ин амалро аз нигоҳи Ислом нораво хондаст.
Ин торнамо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш овардааст, “агар ҳадяи солинавӣ аз ҷониби мусалмон бар мусалмон бошад, пас қабул кардан ё фурӯхтани чунин ҳадяҳо ҷоиз нест.” Ба навиштаи turajon.org, агар шахси мусулмон аз нафари дигари пайрави дини Ислом чунин ҳадяеро қабул кард, пас бояд онро ба ниёзмандону фақирон диҳад.
Вале вебсайти бародарон Тураҷонзодаҳо дар шарҳи гуфтаҳои боло овардааст, ки агар ҳадяи солинавӣ аз сӯи ғайри мусулмон ё дақиқтараш насронӣ тақдим шавад, гирифтани он тибқи гуфтаҳои бархе олимон боке надорад: "Агар аз тарафи раҳбарияти корхонаи Шумо, ки насронӣ ҳаст, барои шумо ҳадяҳои солинавӣ дода шавад, пас гирифтани он ҳадяҳо назди баъзе аз олимон ҷоиз аст, ба шарте, ки дар маросими идии онҳо ҳузур надошта бошед."
Таҷлили Соли нави милодӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки беш аз 97 дарсади онро пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд, баҳсҳоеро ба миён овардааст. Бархеҳо ба ин назаранд, ки ин сана бояд таҷлил карда нашавад, вале дар баробари ин тарафдорони ин ҷашн низ кам нестанд.