"Дар кишвари мо “торикӣ” ҳукмфармо мешавад?"
Берун шудани Бобои барфӣ ва Барфак аз барномаҳои солинавии шоми 31 декабри шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон баҳсҳоеро ба миён овардааст. Аксари коршиносон ба ин иқдом баҳои манфӣ дода, мегӯянд, барномаҳои солинавӣ бидуни иштироки қаҳрамонҳои аслияш маъно надорад.
Гулнора Амиршоева, муассиси нашрияи “Вечёрка” мегӯяд, "ба Соли нави бидуни Бобои барфӣ ва Барфак муносибати манфӣ дорам. Дар кишвари мо “торикӣ” ҳукмфармо мешавад? Ин хеле бад анҷом ёфтанаш имкон дорад."
Ҳикматулло Сайфуллозода, муҳаррири “Наҷот”:
Агар ин пешниҳод асл дошта бошад, дидгоҳи банда дар ин маврид мусбат ҳаст. Вақте мо ҳамчун таҳлилгар масоили фарҳангӣ ва иҷтимоиро мавриди таҳлил қарор медиҳем ва ҳатто мегӯем, ки қонуни танзими расму оин дорем, пас ин масъала ҳам бояд, танзим дошта бошад. Ин анъанае, ки давоми солҳои тулонӣ руйи кор омадаанд, дар нисбати онҳо бояд ё таҷдиди назар шавад ва ё чӣ бархӯрди муносибе бошад, ки мо онро аз ҳуввиятсозӣ берун барорем. Вале ман гуфтанӣ нестам, ки ин бо як василаи таҳмилӣ пиёда гардад. Дар ҷомеа қишре шакл гирифтааст, ки Бобои барфӣ ва Барфакро дӯст медоранд. Онҳо такдими тӯҳфа ва ташрифи ӯро қабул доранд. Ин қишрро бояд озод гузошт. Назари банда аз болои тамоми ин қишр набояд таҳмил дошта бошад. Ё ин гуна, ки набояд дар ҳар куҷо истиқбол карда шавад. Ин масъала бояд ташхис шавад. Ҳар касе, ки мехоҳад, бигзор истиқбол бикунад. Касе намехоҳад, ё зарурати ташрифи Бобои барфиву набераашро надорад, инҳоро ҳам бояд озод гузошт. Ман наметавонам бигӯям, ки ин мақоми садо ва симои Тоҷикистон ба чӣ хотир чунин қарор гирифтааст. Ҳарчӣ гуфтам, ин дидгоҳи худам ҳаст ва аз қабл ҳам бар ин назар будам.
Вера Кулакова Браннеруд, сарвари ШТРК “Ватан” :
Ман умуман тарафдори таҷлили ҳамаи идҳо ва озодии инсон дар ин маврид ҳастам. Усулан, зидди талоши ҳукумат барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ ҳастам. Чӣ гуна метавон хоҳиши мардумро барои таҷлили як ид бо қаҳрамонҳояш маҳдуд кард? Кӯшиши идора кардани фолклор барои ман хеле хандадор ҳаст. Онҳое, ки хоҳиш надоранд, Соли навро бо Бобои барфӣ ва Барфак пешвоз намегиранд. Ба ин ҳақ ҳам доранд. Ҳамон тавре, ки қисми дигари ҷомеа мехоҳад Соли навро бо Бобои барфиву Барфак таҷлил кунад. Шахсан ман Соли навро дӯст медорам ва онро пешвоз мегирам. Фарзандони ман аз Бобои барфӣ туҳфаҳо интизор мешаванд. Ҳеч як қарори болоӣ инро ҳеч вақт тағйир намедиҳад. Ман ба касе ҳақ намедиҳам ба хурсандиҳои оилаи ман дахолат кунад. Дар робита ба қарори шифоҳӣ ҳаминро мегӯям, ки он ба анъанаҳо таъсир расонда наметавонад. Аз ин шояд гурӯҳе ҳатто манфиати молӣ ҳам бибинанд. Майлу рағбати мардум дар Душанбе барои таҷлил аз Соли нав бо ширкати Бобои барфӣ ва Барфак хеле зиёд шудааст.Ҳумайрои БАХТИЁР