«Ҷанг»-и Гулнора Каримова бо модараш идома дорад
Гулнора Каримова, духтари калони Ислом Каримов, президенти Узбакистон ҳамчунин ба иттиҳомот алайҳи модараш дар Интернет идома медиҳад.
Ба навиштаи торнамои ca-news.org Гулнора дар саҳифаи Твиттери худ дар посух ба суоли як корбар дар мавриди падараш, тамоми онҳоеро, ки дар атрофи Ислом Каримов ҳастанд, дар дуздӣ муттаҳам кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҳамаи атрофиёни падараш маблағҳои рабудаашонро аз вай пинҳон мекунанд. Духтари бузурги Каримов дигарбора ба модараш ишора кардааст, ки миллионҳо маблағе, ки ҷиянаш Акбаралӣ Абдуллоев барояш меовард, дар зери «ванна» пинҳон мекард. Қаблан, Гулнора Каримова навишта буд, Акбаралӣ маҳз бо фармони модараш боздошт ва зиндонӣ шудааст, то тиҷоратҳои ӯро дар водии Фарғона соҳиб шавад. Ба гуфтаи ӯ, вақте мехост аз Акбаралӣ ҳимоят кунад, модараш ӯро таҳдид кард, ки «нобудаш» мекунад.
Хонуми Каримова ҳамчунин, сару садоҳо дар мавриди кашида гирифтани маблағҳояшро беасос хонда, онро кори дасти Хадамоти амнияти миллии Узбакистон гуфтааст: «Чизеро аз ман нагирифтаанд. Мусоҳибаи манро бо рӯзномаи «Ҳуррият»-и Туркия мутолиа намоед».
Аз ин пештар, Гулнора Каримова модар ва хоҳараш Лоларо дар «қаллобӣ» ва «иғвогарӣ» муттаҳам карда буд.