Дастгоҳ номаи Қаноат, Гулрухсор, Илолов ва Диноршоевро меомӯзад
Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, номаи Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Мӯсо Диноршоев ва Мамадшо Илоловро дар мавриди дахолати Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи Зайд Саидов дастрас карда, айни ҳол мавриди омӯзиш қарор додааст.
Изатулло Саидов, мудири бахши муроҷиати шаҳрвандони Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи раёсати ҷумҳур, 20 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, номаи зиёиёнро дар мавриди Зайд Саидов як рӯз пеш гирифтаанд. Ӯ афзуд, “ҳоло ин мактуб таҳти баррасии шуъбаи мост. Тибқи қонун, ҳақ дорем давоми 5 рӯз онро баррасӣ карда, баъдан мушаххас намоем, ки онро ба кӣ фиристем. Ҳоло аз гирифтани мактуб як рӯз гузашт.”
Маврид ба зикр аст, 17 декабри соли равон Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Мӯсо Диноршоев ва Мамадшо Илолов, донишмандони саршиноси тоҷик, бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири пешини саноат шудаанд. Муаллифони нома ба раисиҷумҳур гуфтаанд, бовар доранд, ҷуз дахолати мустақими ӯ ба қазияи Зайд Саидов илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. “Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷӯҳ аст”,-афзудаанд онҳо.
Оқои Саидов, ки моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав боздошт шуда буд, ба қаллобӣ, бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад ва додситон барояш 28 соли зиндон хостааст. Аммо вакилони мудофеи ӯ тамоми ин иттиҳомотро рад карда, парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро бофтаву сохта донистаанд. Худи Зайд Саидов ҳам дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, вай бо ягон иттиҳомоте, ки мақомот алайҳи ӯ эълон карданд, розӣ нест ва аммо зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи давлату миллат бошад, розӣ аст, ки зиндонӣ шавад.
Ҳумайрои БАХТИЁР