Эътимоди Раҳмон барои коҳиши "тағобозӣ" дар соли 2014
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми декабр, дар хиёбони Рӯдакии Душанбе бинои нави “Маркази миллии тестӣ” (ММТ)-ро ифтитоҳ кард, ки бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин марказ зикр кардааст, ки ҳадафи асосии таъсиси Маркази миллии тестӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст: “Сохтори ММТ аз раёсат, 11 шуъба, 1 бахш ва 4 шуъбаи минтақавӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ иборат аст.”
Манбаъ таъкид мекунад, ки аз соли 2014 сар карда, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба таври мутамарказ дар шуъбаҳои минтақавии ММТ тестӣ бо истифода аз навтарин техникаю таҷҳизот ва бе дахолати шахсони манфиатдор ба роҳ монда мешавад: “ Низоми нави имтиҳонсупорӣ тавре таҳия гардидааст, ки тамоми имконоти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст. Ҷараёни имтиҳонсупорӣ, санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсон анҷом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда низ ба ягон довталаб кумак расонда наметавонанд, зеро дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад. Ба ҷойи ному насаб танҳо штрихкод навишта мешавад ва ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ ошкор карда мешавад.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ҷавоби натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон тавассути сомонаи интернетии ММТ, марказҳои минтақавии он ва ба суроғаҳои шахсии довталаб тавассути почтаи электронӣ, паёмаки SMS ва дигар воситаҳо расонда мешавад: “Афзалияти дигар ва бисёр муҳими ин низом дар он аст, ки довталабон бо харҷи маблағи зиёд ба пойтахт ё дигар шаҳрҳо нарафта, метавонанд дар марказҳои ба маҳалли зисташон наздик имтиҳон супоранд. Интихоби макони имтиҳонсупорӣ ҳам барои довталабон ихтиёрӣ аст. То кунун дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Бобоҷон Ғафуров 20 маркази бақайдгирии довталабон ва 52 маркази имтиҳонӣ омода карда шудааст.”
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ММТ-ро “қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф” номида, таъкид дошт, ки “минбаъд бояд тамоми намуди имтиҳонҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба таври электронӣ ва шаффофу одилона ба роҳ монда шавад”.
Раисиҷумҳур ба Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио супориш додааст, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа корҳои фаҳмондадиҳии низоми нави имтиҳонсупориро барои довталабони оянда васеъ ба роҳ монанд, то ки онҳо бохабар бошанд ва мутаносибан омода шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки низоми нави муосир, ки аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ гирифта шудааст, “ба сифати қабули донишҷӯён ва интихобу тарбияи мутахассисони боистеъдод таъсири мусбӣ мерасонад”.
.