Райиси агентии омор аз Роғуну Оби гарм дидан кард
Бахтия Муҳаммадиева, сарвари агентии омор бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои тайёрӣ ба 20- солагии истиқлолият ба шаҳри Роғун сафар кард.
Тавре ба «Озодагон» аз маркази матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд, бону Муҳаммадиева зимни боздид аз ин минтақа масоили марбут ба тезонидани корҳо дар самти ба истифода додани сохтмонҳои ҷашнӣ, оро додани кӯчаю биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, таҳрезии барномаҳои истироҳатию фарҳангӣ ва варзиширо матраҳ кард.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин Бахтия Муҳамадиева бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраки Оби гарм мулоқот намуда, аз рӯи нишондодҳои оморӣ дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ибрози назар кард. Ӯ гуфт, «Тайи 20-соли сипаришуда дар минтақаи Роғуну Оби гарм истеҳсоли ғалладонагиҳо 2,1 маротиба, картошка 5,6 маротиба, сабзавот – 124 маротиба, меваю буттамева – 17,7 маротиба зиёд шуда, саршумори чорвои калони шохдор ба андозаи 2,7 маротиба ва оилаи занбӯри асал бошад, 12,7 мартиба рӯ ба инкишоф ниҳодааст».{jathumbnail off}