“Наздикони президент ба ин амали нангин даст намезананд"
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба амали нангине, чун дуздии мошинҳо, даст нахоҳанд зад. Ӯ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, хабари истифодаи мошинҳои дуздидашуда дар Олмон аз тарафи наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон бӯҳтоне беш нест.
“Кас намедонад, ки чӣ тавр аз Олмон 200 сабукрав дуздида шуда ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар ҳоле ки аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо на мошин, ҳатто сӯзанро дуздидан ғайриимкон аст”,-афзуд Шарифзода.
Рӯзномаи олмонии “Bild” рӯзи 19 декабр бо интишори матлабе гуфт, ҳудуди 200 мошини дуздидашуда дар Олмон дар ихтиёри дӯстон ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ба иттилои ин нашрия, аз ин миён 93 адад сабукрав тамғаи BMW будаанд. То ин замон сафири Тоҷикистон дар Олмон, Вазорати умури хориҷӣ ва хадамоти гумруки кишвар воқеият будани ин хабарро рад карданд.Ҳумайрои БАХТИЁР