Убайдуллоев гуфтааст, “Соли нави милодӣ ҷашни мазҳабӣ нест”
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, гуфтааст, Соли нави милодӣ ҷашни мазҳабӣ набуда, аз он дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест. Оқои Убайдуллоев ин ҳарфҳоро дар ҷаласаи вакилони халқи шаҳри Душанбе баён доштааст.
Ӯ гуфтааст, “шаби 31 декабр барномаи махсуси идона дар майдони марказии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда, дар толори “Сирк” намоишҳо барои кӯдакон нишон дода хоҳад шуд.”
Беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави Исломанд ва ҳар сол масъалаи таҷлил шудан ва ё нашудани ҷашни Соли нави милодӣ дар ҷомеаи кишвар матраҳ мегардад. Рӯҳониён Соли навро ҷашни мазҳабӣ дониста, таҷлили онро ба унвони ҷашни милоди Масеҳ ғайри қобили қабул шуморидаанд. Вале мақомот борҳо гуфтаанд, ин ҷашн барои сокинони Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ба “мерос” монда, на ҷашни мазҳабӣ, балки “тағйири тақвим” аст.
Бо ин ҳол, Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон бо гузоштани арча ва баргузории маҳфилу нишастҳо таҷлил мешавад. Аммо имсол Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар барномаи аслии шаби Соли нав дар телевизиони Тоҷикистон Бобои барфӣ ва Барфак – қаҳрамонҳои асосии Соли нав намоиш дода нахоҳанд шуд. Чун, ба гуфтаи Саидалӣ Сиддиқов, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, ин қаҳрамонҳо ба анъанаҳои миллии тоҷикон рабте надоранд. “Ин навбат бештар ба арзишҳои миллии худамон бартарӣ дода хоҳад шуд. Барои мисол, дар барномаҳои телевизион ба мисли қабл мусиқӣ, рақсу суруд, барф, сайругашти оммавӣ ва таманниёти идона ҷой дорад, аммо бидуни нӯшокиҳои спиртӣ ва қаҳрамонҳо - Бобои барфӣ, Барфак ва арчаи солинавӣ”,-таъкид дошта буд Саидалӣ Сиддиқов.