Тоҷикистон пеш аз Фаронса ва баъд аз Британия ҷой гирифтааст
Маркази таҳқиқотӣ-пажӯҳишии мавсум ба «Мейплкрофт», ки қароргоҳаш дар Лондон аст, гузориши солонааш таҳти унвони «World Terrorist Index -2011”-ро нашр кард.
Дар интишороти ин ниҳод аз ҷумла омадааст, ки Сомаливу Афғонистон хатарноктарин кишварҳои дунё аз нигоҳи хатари ҳамлаҳои террористӣ мебошанд. Сухангӯи Мейплкрофт Ҷейсон Макгеовн гуфтааст, танҳо дар Афғонистон дар як соли охир 3740 ҳамлаи террористӣ рух додааст: “75 дар сади ҳамлаҳои террористӣ ба чор кишвари авал: Сомалӣ, Покистон, Афғонистон ва Ироқ рост меояд.”
Бояд гуфт, ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта шоҳиди танҳо як ҳамлаи террористӣ буд, ки он ҳам таркиши маргталабонаи сенятбри соли 2010 дар Хуҷанд. Зимнан, Тоҷикивстон аз рӯи раддабандии Мейплкрофт дар мақоми 41-ум дар байни Бритонияву Фаронса ҷой гирифтааст.{jathumbnail off}