Бонкҳо фоиз барои пасандозҳои мардумро кам кардаанд
Бонки милллии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар тайи як соли охир бонкҳо фоиз барои пасандозҳои мардумро бо асъори хориҷӣ коҳиш додаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ фоизи миёнаи пасандозҳо бо пули миллӣ 15,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,62 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,10 фоиз баланд ва 1,3 фоиз паст мебошанд.
Манбаъ афзуд, ки дар интиҳои моҳи ноябр ҳаҷми пасандозҳои шахсони инфиродӣ дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ 3 миллиарду 529,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,1 фоиз бештар мебошад. Ин ниҳод ҳаҷми пасандозҳои шахсони ҳуқуқиро 1 миллиарду 955,6 миллион сомонӣ арзёбӣ намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 дарсад афзоиш ёфтааст.