"Аз ҳазор зани ҳомилаи тоҷик 54 нафарашон ноболиғанд"
Як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дода, ки аз ҳазор зани ҳомила ба ҳисоби миёна 54 нафари онҳоро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд.
UNFPA, як ниҳоди Созмони Милал, ин таҳқиқотро таҳти унвони “Мушкилоти ҳомиладоршавии ноболиғон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” анҷом додааст. Парвиз Бобоев, масъули дафтари UNFPA дар Душанбе, гуфт, аснои ин таҳқиқот коршиносони маҳаллӣ ҷалб гардида, ба таҳлилгарони байналмилалӣ кумак намудаанд.
“Ин ҳуҷҷат ҳамчун ҳисоботи иловагӣ ба гузориши солонаи UNFPA оид ба нуфус (аҳолӣ) дар ҷаҳон дар соли 2013 нашр шудааст”,-таъкид кард мусоҳиби мо. Вай афзуд, “ин пажӯҳиш, ки барои саломатии модару кӯдак равона шудааст, дар Тоҷикистон барои бори бори аввал анҷом шудааст. Аз руи як ҳуҷҷати дигар - пажӯҳиши тиббӣ-демографӣ низ сатҳи ҳомиладории ноболиғон дар деҳоти Тоҷикистон 54 нафар сари 1000 зан ва дар шаҳрҳо 52 нафар сари 1000 зан рост меояд.”
Дар Тоҷикистон, ки ҷомеаш суннатист, духтарон хеле барвақт издивоҷ карда, зуд дар пайи ба дунё овардани кӯдак мешаванд. Бар асоси таҳқиқоти UNFPA, Гурҷистон, Озарбойҷон, Руминия, Булғористон ва Туркия низ аз ҷумлаи кишварҳое дониста шудаанд, ки мизони ҳомиладории ноболиғон ва занони то 20-сола дар онҳо баланд аст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)