VIDEO: Суолу ҷавоб дар бораи Зайд Саидов бо раҳгузарон
Дар ҳоле ки ҳамагӣ интизори эълони ҳукми додгоҳ дар баробари Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, нишастаанд, наворбардори “Озодагон” дар бораи тақдири ояндаи ӯ аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе суол кард.
Агарчӣ бархе аз роҳгузарон ба суоли мо посух доданд ва ё дар бораи Зайд Саидов назари худро гуфтанд, иддае бо “намедонам” иктифо мекарданд ва ё бо сиёсат сарукор надоштанашонро баҳона пеш меоварданд. Ҳатто яке аз назардиҳандагон гуфт, "ман ягон чиз намедонам. Бе шӯхӣ, мардак барин. Ман бо масъалаҳои сиёсӣ кор надорам, намедонам.
Онҳое низ буданд, ки аслан намехостанд дар ин бора ҳарф зананд ва сураташон дар навор биёяд ва ё мегуфтанд, нафареро бо ин ном намешиносанд. Бо ин ҳол, чанде аз мусоҳибони мо гуфтанд, бовар доранд, ки Зайд Саидов бегуноҳ аст ва аз толори додгоҳ озод хоҳад шуд. “Рости гап, аз матлабҳое, ки хондам, фаҳмидам, ки вакилони мудофеаш бегуноҳии ӯро исбот кардаанд. Вале баръакси онро нашунидам. Агар одам гуноҳ надошта бошад, зиндонӣ кардан даркор нест, чунки ба ҷомеа таъсири бад дорад. Вақте адолат нашуд, ба оянда боварӣ намешавад. Мо бояд бо оянда зиндагӣ кунем. Ояндаи мо бояд обод бошад, боадолат бошад”,-афзуд яке аз мусоҳибони мо.
Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки мегуфтанд, касе агар ғайриқонунӣ кор кардааст, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд ва аз ин роҳи гурез нест. Яке аз назардиҳандагон гуфт, ҳарчанд ба бегуноҳии Зайд Саидов бовар дорад, вале умед надорад, ки ӯ озод шавад. Навори ин суолу ҷавобро дар ихтиёри Шумо мегузорем ва агар гуфтание доред, лутфан, дар зери ин матлаб бинависед. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)