Нороҳатии Убайдуллоев аз шомил нашудани тоҷикон ба Оксфорд
Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори Душанбе дар назди вакилони халқи пойтахт гузориш дода, дар баробари пешрафтҳо аз камбудҳои дар 11 моҳи соли ҷорӣ низ ёдоварӣ кардааст. Ӯ аз ҷумла камбудҳо дар таълиму тарбияи насли наврасро мояи нигаронӣ донистааст: “Аз ҷониби ноболиғон дар 11 моҳи соли ҷорӣ 213 ҷинояти гуруҳӣ содир шудааст. Дар 11 моҳи соли 2012 ин рақам ба 199 баробар буд.”
Раиси Душанбе аз роҳбарияти маорифи шаҳр хостааст, муносибаташонро бо вазифаҳои хизматияшон тағйир диҳанду дар ҳамкорӣ бо волидон роҳи ҳар гуна муноқишаҳои байнимактабии хонандагону рафторҳои номатлуби онҳоро ҷилавгирӣ намоянд. Вай, инчунин, аз он шикоят карда, ки ҳеч кадоме аз хатмкунандагони гимназияю литсейҳо ба донишгоҳҳои бонуфузи олии ҷаҳон, аз қабили Кембриҷ, Оксфорд ва Ҳарвард шомил нашудаанд: “Боиси нигаронист, ки дар се соли охир аз 430 хатмкунандаи литсейҳои №1-2 ва гимназияҳои №1-2, ки омӯзгоронашон аз ҳисоби буҷаи шаҳр ҳар моҳ 600 сомонӣ иловапулӣ мегиранд, 358 нафарашон дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ва танҳо 66 нафарашон хориҷ аз он таҳсил менамоянд. Аммо ҳеч кадоме аз онҳо дар донишгоҳҳои бонуфузи олии Кембриҷ, Оксфорд, Ҳарвард ва амсоли онҳо дохил нашуданд.”
Убайдуллоев эътироф кардааст, ки истеҳсолот низ дар пойтахт тайи 11 моҳи соли равон коҳиш ёфта ва сабаби аслии онро қатъи кори “Тоҷиксемент” хонд: “Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2013 аз ҷониби 258 корхонаи саноатии гуногун дар ҳаҷми 815,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 90,9 фоизро ташкил дода, 81,8 млн. сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии пастшавии ҳаҷми истеҳсолот, қатъи кори “Тоҷиксемент” аст, ки аз 1 январ то 25 сентябри соли ҷорӣ бе гази табиӣ монд. Маҳз бо ҳамин сабаб беш аз 154,8 ҳазор –тонна семент ба маблағи 125,19 млн. сомонӣ кам истеҳсол гардид.”
Дар мавриди нарх дар бозорҳои пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намудааст, охири моҳи ноябри соли равон аз 22 номгӯи маҳсулот нархи 11–тои он аз 1 то 50 фоиз зиёд шудааст. Ӯ ба мавзӯи нархи озуқа дахл карда, таъкид намудааст, ки бояд миёнаравҳои зиёд аз бозорҳо бардошта шаванду рақобати солим таъмин гардад.
Шаҳрдори Душанбе инчунин аз фаъолияти муовинаш Насрулло Хайруллоев ва Мансуров дар самти таъмини пойтахт бо гармӣ интиқод намуда, онҳоро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ нисбат ба таъминоти шаҳр бо нерӯи гармӣ, ки истеҳсоли он салоҳияти танҳо зерсохторҳои ширкати «Барқи Тоҷик» маҳсуб мешавад, баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр чораҳои муассир андешанд.
Убайдуллоев дар самти мусофиркашонӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рақобатнокии нақлиёти истифодаи умум, кам кардани анбӯҳи нақлиёт дар хатҳои сайр, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро масъалаҳои ҳалталаб арзёбӣ кардааст.
Раиси Душанбе дар мавриди бунёду азнавсозии роҳҳо дар пойтахт зикр кардааст, ки дар баъзе минтақаҳо таъхиркориҳо ҷой доранд ва ин таъхиркориҳоро ба фарсудагии қубуру ноқилҳо рабт додааст, ки корҳои иловагиро тақозо мекунанд. Ӯ дар мавриди сохтмонҳои рӯзафзун дар Душанбе илова намудааст, танҳо дар 11 моҳи соли равон 1 миллиарду 581 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст ва ин нишондод то охири сол ба 1,8 миллиард сомонӣ хоҳад расид. Убайдуллоев бо зикри сохтмонҳои зиёд иқрор кардааст, ки мақомоти ваколатдор бо имконияти феълияшон наметавонанд дар сатҳи зарурӣ сохтмонҳоро назорат кунанд: “Аз ин лиҳоз, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр вазифадор карда мешавад, ки дар соли 2014 дар ҳамкории бевосита бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, дигар сохторҳо ва масъулини соҳа барои коркарди механизми боэътимоди назорати ҷараёни сохтмон Барномаи махсусро таҳия намуда, татбиқ созанд.”
Раиси Душанбе, инчунин, ба соҳаҳои дигари хоҷагидорӣ дар Душанбе дахл карда, аз масъулин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон даъват намуд, ки барои татбиқи барномаҳои гуногун муштарак талош кунанд. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)