Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои наздик парвандаи Умар Шарифов, сокини 21-солаи Душанберо, ки дар садамаи шаби 9 октябри соли ҷорӣ муттаҳам мешавад, ба додгоҳ ирсол хоҳад кард. Ин садама дар маркази пойтахт рух дода, се кушта ва се маҷрӯҳ бар ҷой гузошта буд.
Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ба “Озодагон” гуфт, алайҳи Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳад кард. Оқои Садриддинов вале нагуфт, оё Умар Шарифов, ки қаблан таҳти пайгард ё ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт шудааст, ё на.
Номи Умар Шарифов баъд аз як моҳи садамаи маргбори шаби 9 октябр, ки бо иштироки БМВ-и Расули 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло – раиси ширкати Роҳи оҳан рух дод, пайдо шуд. Мақомот дар аввали ин садама Асрор Ҳукумов ва баъдан Расули Амонуллоро айбдор карда, волидони ӯро мавриди бозпурсӣ қарор дода буданд. Вале баъдан модари Расул танҳо барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон 120 сомонӣ ҷарима шуда, пойи писари худро аз ин баҳс берун кашид.
Ҳоло мақомот мегӯянд, гунаҳкори аслии садамаи маргбор на Расул, балки Умар Шарифов аст, ки ба гуфтаи онҳо гӯиё дар сари фармони мошин буд. Ба қавли мақомот, “ҳоло нисбат ба Умар Шарифов тибқи моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (барои истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар ё бештар аз он шудааст) боз шудааст.” Барои ин кор дар Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Умар пештар бар асоси моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, маҳкум шудааст.АКСҲОИ БЕШТАР АЗ САДАМАИ ШАБИ 9 ОКТЯБР: Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)