Номаи Раҳмон ба амири Қатар ва садри аъзами Олмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи табрикӣ Шайх Тамим ибн Ҳамад Оли Сонӣ, амири давлати Қатарро барои Иди миллии кишвараш, ки 18 декабр таҷлил шуд, шодбош гуфтааст.
Дар номаи Раҳмон аз ҷумла гуфта мешавад, “бо истифода аз ин фурсат мехостам бори дигар рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ба Шумо, Волоҳазрат, ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мухталиф, ки ба инкишофу шукуфоии онҳо равона гаштааст, иброз намоям”.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои Ангела Меркел, ки бори дигар ба мақоми кантслер ё садри аъзами Олмон тасдиқ шуд барқияи шодбош фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад: “Хонуми Олиҷоҳ,бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати бори дигар ба мақоми Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия тасдиқ гардиданатон самимона табрик ва таҳният мегӯям. Мутмаинам, ки дар марҳилаи нави фаъолияти Ҳукумати Германия таҳти сарварии Шумо, муносибатҳои дуҷонибаи судманди ду кишвари дӯст рушду тавсеа меёбанд ва таҳкими ин равобит дар арсаҳои гуногун минбаъд низ дар маркази саъю кӯшиши муштараки мо қарор хоҳад гирифт”.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)