Посухи радди ҳукумат ба дархости Ҳизби наҳзати исломӣ
Ҳукумати Суғд ба намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин минтақа гуфтааст, ҳақ надорад, ба донишҷӯён кумак ё аз онҳо қадрдонӣ кунад.
Ин бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд тасмим дошт, аз як қатор донишҷӯёни фаъоли минтақа қадрдонӣ кунад ва аз ҳукумати вилоят барои дарёфти толор ва номгӯи донишҷӯён мусоидат талаб карда буд. Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 18 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳукумати вилоят бо ирсоли як нома ба дархости онҳо ҷавоби рад дода, гуфтааст, ин иқдом хусусияти таблиғӣ дошта, хилофи қонун мебошад.
Ба гуфтаи Ёқубов, мақомот дар ин номаи худ ба унвони онҳо, аз ҷумла гуфтаанд, “ин қидоми Шумо зидди моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи маориф ҳаст. Чун мутобиқи он дар муассисаҳои таълимӣ “тарғиб”, таъсис ва фаъолияти сохторҳои аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст. Ҳамзамон донишҷӯёну аспирантҳои муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят бо тартиби муқаррар гардида аз сӯи мақомоти маҳаллӣ андозаи муайяни стипендияҳо пардохт мешавад ва маъмурияти донишгоҳҳо низ баҳри амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи ҳукумат барои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ донишҷӯёнро пайваста бо кумакҳои моддӣ фаро мегирад.”
Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ин иддаои мақомот бе асос мебошад, зеро ба гуфтаи ӯ, масъулини ҳукумати вилояти Суғд вожаи “таблиғ”-ро дар бахши иқтибос аз қонуни маориф дар номаашон илова кардаанд ва дар матни аслии моддаи 3-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи маориф калимаи “таблиғ” наомадааст.
Аз сӯи дигар, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд илова менамояд, ки ин иқдоми онҳо низ гузаронидани корҳои таблиғотӣ ё ташвиқот дар муассисаҳои таълимӣ, ки ба гуфтаи ҳукумати ин вилоят, гӯиё онро қонун манъ кардааст, маҳсуб намешавад: “Чун мо аз масъулини ҳукумати маҳаллӣ хостем, худ макон ва ҷои баргузории чорабиниро муайян созанд.” Ин масъули ҲНИТ бар ин аст, ки ин амали мақомоти ҳукумати вилояти Суғд бозгӯи манъи ҳамкории аҳзоби сиёсӣ, бахусус ҲНИТ бо муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ мебошад.
Дафтари ҲНИТ дар Суғд ахиран аз тасмими худ барои дастгирӣ ва ҷонибдории 100 донишҷӯи фаъоли вилоят хабар дода, гуфта буд, бо ирсоли як нома ба унвони Абдураҳмон Қодирӣ, раиси ин вилоят барои баргузории маҳфили қадрдонӣ аз ин донишҷӯён толор хостааст. Ин масъули дафтари ҲНИТ иброз дошт, ки ҳадаф аз ин иқдоми ӯ танҳо боло бурдани ҳисси донишомӯзию ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва тақвияти ҳамкории ҲНИТ бо Вазорати маорифи Тоҷикистону донишгоҳҳои кишвар мебошад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)