Поёни гуфтушунид ва ҳалли таниши марзӣ дар Исфара
Таниши марзию роҳбандӣ, ки дар пайи сӯхтори як чойхона дар вилояти Бодканди Қирғизистон, сурат гирифт, баъди гуфтушуниди мақомоти ду ҷониб ҳал шуда, ба наздикӣ роҳи Исфара-Бодканд кушода хоҳад шуд.
Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки гуфтугӯйи мақомоти тоҷику қирғиз чанде лаҳза пеш ба поён расида, интизор меравад, ки ба наздикӣ рафтуомад дар марз аз сар гирифта шавад: “Намояндагони мақомоти Тоҷикистон то кушодани роҳ дар Исфара боқӣ хоҳанд монд.”
Гуфта мешавад, ки субҳи имрӯз, 18-уми декабр, Даврон Зоҳидов, раиси ноҳияи Исфара ва Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд барои бартараф кардани низоъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба Исфара сафар карданд. Ҷумъабой Сангинов гуфт, ки дар музокироти мазкур мақомоти Қирғизистонро Боқир Ҷовчиев намояндагӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки 3 рӯз қабл дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон як хона ба коми оташ рафт. Дар пайи ин дар ҳудуди Бодканд низ як чойхонаи шаҳрванди қирғиз ба коми оташ рафт ва сокинони наздимарзии тоҷику қирғиз дар ин сӯхторҳо якдигарро муттаҳам карданд. Дар натиҷа дар марз роҳбандӣ ба вуҷуд омада, аз ду тараф издиҳом ҷамъ гардид.