Талоши Салиби Сурх барои боздид аз зиндонҳои Тоҷикистон
Северин Шаппаз, роҳбари дафтари Кумитаи Салиби Сурх дар Душанбе мегӯяд, айни ҳол барои боздид аз зиндонҳои Тоҷикистон бо мақомоти кишвар гуфтушунид доранд.
Шаппаз, ки 18 декабр, зимни таҷлил аз 150-солагии Салиби Сурх ва 20-умин солгарди фаъолияташон дар Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, айни ҳол қонунгузории Тоҷикистонро барои боздид аз зиндонҳо мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ӯ гуфт ҳадафи асосияшон дар ҳоли ҳозир воқиф шудан аз вазъи воқеии маҳбусон дар Тоҷикистон аст.
Роҳбари дафтари Кумитаи Салиби Сурх афзуд, самти дигари фаъолияташон дар Тоҷикистон огоҳ намудани сокинон аз минтақаҳоест, ки мина доранд. Вай афзуд, талош доранд, тақдири афродеро, ки ҳанӯз аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ғайб задаанд, низ муайян созанд. Северин Шаппаз таъкид намуд, барои ҳолатҳои изтирорӣ дар Тоҷикистон бояд ҳамеша омода бошанд ва аз ҳаводиси Хоруғу Рашт зикр кард. Шаппаз изҳор дошт, ки замони амалиёти низомӣ дар Хоруғ дар ҳамдастӣ бо Ҳилоли Аҳмар талош карданд, ба зарардидагону маҷруҳон кӯмак кунанд ва баъд аз амалиёт низ барои бозсозиҳо ёрӣ расондаанд.
Ӯ зикр намуд, замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Кумитаи Салиби Сурх фаъол буд ва танҳо дар он солҳо ба беш аз 200 ҳазор нафар кумак расонд.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)