Эмомалӣ Раҳмон аз «Кохи Матбуот» дидан кард
Президенти Тоҷикистон зимни сафари кориаш аз вилояти Суғд, имрӯз аз қасри тозабунёди мавсум ба «Кохи Матбуот»-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.
«Кохи матбуот» ягона иншоотест, ки тайи 20-соли ахир ва дар пешорӯи ҷашни 20-солагии истиқлолият муҷаҳҳаз бо тамоми шароити корӣ барои кормандони ВАО сохта шудааст. Ин бино аз 13 ошёна иборат буда, аз иншоотҳои муҳимтарини ҷашнӣ дар ин вилоят маҳсуб мешавад.
Тарҳи сохтмони бинои «Кохи Матбуот» дар соли 2007 оғоз шуда, он дар арафаи 20 умин солрӯзи истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хохад гирифт. Сохтмони бинои «Кохи матбуот» бо маблағи 21 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии маҳаллии «Евростройсервис» сурат гирифтааст. {jathumbnail off}