Мушкили овардани ҷасади муҳоҷирон ва бозгардондани ноболиғон
Сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҳукуматро барои овардани ҷасади шаҳрвандони кишвар аз хориҷ нокофӣ хонд.
Толиб Шарифов, сардори Сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 18 декабр дар як ҳамоиш дар мавзӯи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, вақти он расида, ки мақомот барои овардани ҷасади муҳоҷирон таваҷҷӯҳ кунанд ва маблағи бештар ихтисос диҳанд. Шарифов ҳаҷми маблағи солонаро, ки давлат барои овардани ҷасади муҳоҷирони тоҷик ҷудо мекунад, 22 ҳазор доллар арзёбӣ намуд, ки кофӣ набудааст. “Борҳо ба ҳукумат муроҷиат намудем, аммо масъала то ҳол ҳал нашудааст”,-афзудааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Русия ҳудуди 1 ҳазор ҷасади муҳоҷирони тоҷик интиқол дода мешаванд ва ба ҳисоби миёна ҳукумат барои овардани ҳар ҷасад тақрибан 22 доллари амрикоӣ ҷудо мекунад. Тоҷиддин Ҷалолов, сардори Маркази ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, низ дар ин ҳамоиш дар Душанбе ба мавзӯи овардани муҳоҷирони ноболиғ низ дахл кард. Вай гуфт, “соли ҷорӣ мо ҳудуди 60 муҳоҷири меҳнатии ноболиғро ба Ватан овардем. Аз Русия ва Қазоқистон хеле муроҷиатҳои зиёд мегирем, ки мегӯянд, шаҳрвандони ноболиғатонро бубаред. Аммо барои овардани онҳо маблағи кофӣ надорем.”
Гуфта мешавад, шумораи муҳоҷирони ноболиғи тоҷик дар Русия рӯ ба афзоиш ниҳод, дар ҳоли ҳозир бештар аз 50 ҳазор нафарро ташкил медодаанд.