Фақат 90 рӯз! Маҳдудияти Русия барои муҳоҷирони корӣ
Парлумони Русия бо қабули як қонун муҳлати буду боши муҳоҷирони корӣ дар қаламрави кишварашро маҳдуд кард.
Торнамои расмии Думаи давлатӣ менависад, бар асоси ин қонун муҳоҷирони меҳнатие, ки миёни кишварашон ва Русия низоми раводид ҷорӣ нест, бояд баъд аз 90 рӯз қаламрави ин давлатро тарк кунад. Қонуни қабулкардаи Дума барои муҳоҷирони корӣ дар давоми ҳар шаш моҳ танҳо ҳаққи будубоши 90 рӯзро медиҳад.
Ба гуфтаи Ризвон Қурбонов, муовини раиси Кумитаи Дума оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохторҳои давлатӣ, ки яке аз ташаббускорони лоиҳаи ин қонун низ ҳаст, ин қонун тибқи стандарти аксар кишварҳои мутамаддин мебошад. Қурбонов иброз доштааст, ин лоиҳа инчунин роҳҳои гурези қонуниро низ аз байн хоҳад бурд. Ӯ мегӯяд, дар гузашта муҳоҷирон бо анҷом ёфтани муҳлати буду боши худ қаламрави Русияро тарк карда, дубора худи ҳамон рӯз ворид мешуданд, ки аз ин ба баъд ин номумкин аст.
Ин қонун дар ҳоле мавриди баррасӣ ва аз сӯи Дума қабул гардид, ки ахиран Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хост, муҳлати буду боши муҳоҷирон дар кишвараш маҳдуд карда шавад. Инчунин, Путин гуфт, бояд вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Русия ба нақзи қонун муттаҳам мешаванд, ба мушлати аз 3 то 10 сол манъ карда шавад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)