Депутати қирғиз тоҷиконро дар сӯзондани чойхонаи Бодканд муттаҳам кард
Тошболот Болтабоев, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби “Ота Макон” имрӯз, 18-уми декабр шаҳрвандони Тоҷикистонро дар он муттаҳам кард, дар навоҳии наздимарзӣ дар вилояти Бодканд чойхонаи қирғизҳоро оташ задаанд.
Болтабоев афзудааст, тоҷикон дар минтақаҳои баҳснок роҳро мебанданд ва монеаи рафтуомади шаҳвандони Қирғизистон мешаванд. Ӯ аз муовини сарвазири кишвараш талаб кардааст, ки масъалаи зеринро таҳти назорат гирад ва иттилои бештар пешниҳод созад.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.