ММА нахустин бор як занро дар баробари мард ба ринг мебарорад
Интизор меравад, 20 декабр дар Рио-де Жанейро дар намуди размоишҳои омехта (ММА) як мард ва як зан рӯи ринг биёянд.
Shooto Brazil, ки баргузоркунандаи ин қувваозмоист хабар дода, ки Эмерсон Фалкао ва Жулиана Веласкес бо ҳам рақобат мекунанд. Ин қувваозмоӣ аз се раунд иборат хоҳад буд.
Гуфта мешавад, Конфедератсияи ММА-и Бразилия ҳоло дар мавриди иҷоза надодан ба ин рақобат тасмиме нагирифтааст. Агар ин қувваозмоӣ баргузор шавад, пас дар таърихи размоишҳои омехта нахустин ҳолат хоҳад буд.