Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷир ва аҳволи муҳоҷирони тоҷик
18 декабр ба унвони Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷир сабт шудааст.
Соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ конвенсияи ҳифзи ҳуқуқҳои тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул кард. 4 декабри соли 2000 бошад, ин ниҳод Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро таъсис дод, ки ҳамасола 18 декабр таҷлил мешавад.
Тасмим дар бораи таъсиси Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирро ба он рабт доданд, ки солҳои ахир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст ва бояд барои таъмини ҳуқуқҳои онҳо чораҷӯӣ шавад.
Тибқи баҳогузории коршиносон ҳар 35-умин сокини сайёра муҳоҷир аст ва берун аз марзи кишвари худ кор ва зиндагӣ мекунад.
Зимнан, Тоҷикистон ҳам яке аз кишварҳоест, ки теъдоди зиёди шаҳрвандонаш барои таъмини рӯзгори хонавода ба хориҷи кишвар барои кор мераванд. Ба омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тайи 11 моҳи ахир 753 ҳазору 689 шаҳрванди кишвар бо қасди муҳоҷирати корӣ тарки ватан кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 54 ҳазору 393 нафар бештар аст.
Бо ин ҳол, тибқи иттилои ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик танҳо дар Русия ба 1,5 миллион нафар мерасад. Гуфта мешавад, муҳоҷирони тоҷик солона беш аз 3 миллиард доллар маблағ мефиристанд, ки баробари нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон мебошад.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)