Ҳушдори Тоҷибоева ба рӯзномаи Туркия ва Гулнора Каримова
Муътабар Тоҷибоева, ҳомии ҳуқуқи узбак аз рӯзномаи “Hürriyet”-и Туркия барои чоп кардани мусоҳибаи Гулнора Каримова тақозои нашри раддияро кардааст.
Хонуми Тоҷибоева , ки раҳбари “Клуби қалбҳои оташин” аст, бо нашри изҳороте гуфта, баъди ин мусоҳиба на танҳо зарари маънавӣ, балки осеби ҷисмонӣ ҳам дид.
Дар мусоҳибае, ки 8 декабр “Hürriyet Daily News” чоп кард, Гулнора Каримова Муътабар Тоҷибоеваро ҳамроҳ бо як қатор чеҳраҳои ҳукумат ва Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар дарёфти даромад аз содироти пахта муттаҳам кард.
Муътабар Тоҷибоева дар изҳроти худ гуфтааст, “нашрияи “Hurriyet Daily News” фавран бояд раддияро дар саҳифае, ки мусоҳибаи Гулнораро нашр кард, бо ҳамон ҳаҷм бо забони англисӣ ё туркӣ чоп кунад”.
Ҳамчунин, ӯ тақозо кардааст, ки Гулнора Каримова, раҳбарияти рӯзнома ва журналисти мусоҳибагиранда -- Асли Бариш дар саҳифаи “Hurriyet” аз ӯ узр пурсанд. Дар сурати иҷро нашудани ин талабот Тоҷибоева гуфтааст “барои ҳимояи шаъну шарафи худ дар зудтарин фурсат аз болои духтари президент, рӯзнома ва хабарнигор ба додгоҳ шикоят мебарад”.
Ба қавли Тоҷибоева ӯ дар оғози солҳои 2000-ум алайҳи истифодаи меҳнати кӯдакон дар Узбакистон ба мубориза пардохт. Соли 2003 бошад, яке аз аввалинҳое буд, ки аз содиркунандаҳо хост, пахтаи Узбакистонро, ки дар ҷамъоварии он аз меҳнати миллионҳо кӯдак истифода мешавад, таҳрим кунанд. “Чӣ гуна ман метавонам дар як вақт тақозои таҳримро карда, ҳамзамон аз содироти пахта фоида ба даст биёрам?”, - суол кардааст ҳомии ҳуқуқ.
Соли 2005 пас аз ҳаводиси хунуни Андиҷон Тоҷибоева боздошт ва наздики се солро дар маҳбас пушти сар кард. Баъди раҳоӣ ба Фаронса рафта паноҳандагӣ дарёфт кард.