Дубнов: Вориси воқеии президент яке аз ҷиянҳои ӯ метавонад бошад
Муддаии воқеӣ барои нишастан ба курсии Нурсултон Назарбоев метавонад яке аз ҷиянҳояш бошад. Ин нуктаро Аркадий Дубнов, коршиноси умри Осиёи Марказӣ ва шореҳи нашрияи “Московские новости” дар суҳбат бо АКИpress изҳор доштааст.
Ба гуфтаи Дубнов, президенти Қазоқистон кушишҳои ба қадри кофӣ шафоф ва оммавӣ дорад, то шаҳр ва ҷаҳонро бовар кунонанд, вазъиятро зери назорат дошта, дар ҳолатҳои форс-мажор роҳҳои баромадан аз вазъияти печидаро дорад.
Таъини Токаев ба унвони спикери Сенат, ки комилан одами боваринок ва содиқ ба Назарбоев аст, далели ин гуфтаҳост. Ба сифати ворис ҳеч гуна амбитсияҳои ҷиддии сиёсӣ надорад. “Вай тибқи Қонуни асосӣ метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ дар курсии президентӣ биншинад, чун одами дуюм маҳсуб мегардад. Аммо ҷонишинҳои асосии президент метавонад яке аз ҷиянҳои Назарбоев бошад. Зеро Нурсултон Абишевич бо вуҷуди умри зиёд диданаш наметавонад то замони бузург шудани ворисони ҷинси мард дар оилааш боқӣ бимонад”,-афздааст Аркадий Дубнов.