Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар феҳрасти беҳтарин муассисаҳои олии СНГ
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) дар феҳрасти беҳтарин муассисаҳои олии таълимии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) зинаи 195-умро муаррифӣ мекунад.
Ин раддабандӣ аз сӯи хабаргузории Интерфакс тартиб дода шуда, онро торнамои univer-rating.ru нашр кардааст. Ҳамагӣ дар рейтинг 200 муассисаи олии таълимӣ аз кишварҳои ИДМ ва Балтик шомил гардидаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 19 муассисаи олии таълимӣ - Қазоқистон (12), Қирғизистон (3) Тоҷикистон (1) ва Узбакистон (1) вориди ин рейтинг шудааст.
Дар садри рӯйхат Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов нишастааст. Мақоми дуюмро Донишгоҳи давлатии Белорус ба худ ихтисос дода.
Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ дар мақоми 20-ум ҷой дорад. Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л. Н. Гумилевро дар ҷои 53 ва Донишгоҳи миллии техникии ба номи К. И. Сатпаевро дар зинаи 70 дидан мумкин аст.
Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба номи И. Арабаев зинаи 73 ва Донишгоҳи техникии Қазоқистону Бритониё ҷои 82-ро муаррифӣ мекунанд.
Донишгоҳи техникии Қирғизистон ба номи И. Раззоқов 113, Донишгоҳи миллии Узбакистон ба номи М.Улуғбек дар мақоми 142-и рӯйхати Интерфакс мебошанд.
Барои ширкат дар рейтинги мазкур донишгоҳ бояд на камтар аз 2000 донишҷӯ дошта бошад, ки дар шӯъбаи рӯзона таҳсил кунанд. Муассисаи олии таълимиро зарур аст дар рейтинги байналмилалии сайтҳои донишгоҳҳо – Webometrics ширкат намояд. Дар рейтинг муассисаҳои олии таълимии мақомоти ҳарбӣ, санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва филиали донишгоҳҳо ширкат карда наметавонанд. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)